24 Сентябр 2026 - 09:31
Source: ABNA
Ҳамлаҳои дубораи мушакӣ ва тӯпхонаи Арабистони Саудӣ ба Саъда дар Яман

Расонаҳо эълон карданд, ки Арабистони Саудӣ бори дигар ба минтақаҳое аз вилояти Саъда дар Яман ҳамла кардааст.

Ба гузориши хабарагентии АБНА, хабарнигори шабакаи Ал-Маядин дар Яман аз ҳамлаҳои дубораи мушакӣ ва тӯпхонаи Арабистони Саудӣ ба шаҳристонҳои Розеҳ, Ғамр ва аз-Заҳир дар вилояти Саъда дар шимоли Яман хабар дод.

Ин расона ба ҷузъиёти бештар ва шумораи талафоти эҳтимолии ин ҳамлаҳо ҳеҷ ишорае накардааст.

Ин ҳамла соатҳое пас аз он рух медиҳад, ки Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ташдиди ҳамлаҳои душмани саудӣ ба Яман ишора кард.

Вай афзуд: дар тӯли 24 соати гузашта, душмани саудӣ бо истифода аз ҷангандаҳои F-15 ва Тайфун, ки аз пойгоҳҳои ҳавоии Хамис Мушайт ва Тоиф бархостa буданд, 52 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд ва ҳамлаҳои мушакӣ аз Ҷизон анҷом шуд. Ин ҳамлаҳо вилоятҳои Ҳудайда, Таиз, Ал-Байзо, Маъриб ва Саъдаро ҳадаф қарор доданд, ки ба шаҳодат ва захмӣ шудани шуморе аз ҳамватанони мо, аз ҷумла кӯдакон ва занон, мунҷар шуд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: ин ҳамлаҳо таъсисоти шаҳриро, аз ҷумла шабакаҳои иртиботӣ, мактабҳо ва пулҳоро ҳадаф қарор доданд.

Вай афзуд: ба ин тартиб, шумораи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии саудиҳо аз замони ташдиди танишҳо алайҳи кишвари азизамон ба 988 ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ расид.

Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба ҷанубу ғарби Яман

Манобеи хабарӣ аз ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ба минтақаи Мақбана аз тобеъи вилояти Таиз дар ҷанубу ғарби Яман хабар доданд.

Ҷамъшавии нерӯҳои саудӣ ва анбори силоҳи онҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифт

Як мақоми низомии Яман ба хабарагентии Сабои ин кишвар гуфт, ки ҷамъшавӣ ва анбори муҳимоти душмани саудӣ дар подгоҳҳои «Ат-Тавол» ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва дар ҷараёни он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ин манбаи низомӣ афзуд: низомиёни кушта ва захмӣ шуда дар ин ҳамлаҳо тобеияти саудӣ ва судонӣ доштанд ва гурӯҳе низ яманиҳои вобаста ба Саудӣ буданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha